Хуб мебуд, агар Данғара пойтахт мешуд на вилоят!!!

Зеро фазои кушод. Имкониятҳои фаровон.Ва ба ин ваксила домангустурдани шаҳри Данғара имкон дорад, ки метавон дар ин ҷо аз рӯи меъёрҳои байналхалқӣ ва бо талабот ҷавобгӯ маҳаллаву гулгаштҳои тамошобобу дилосоро тарҳрезӣ намуд.

Муовини раиси ноҳияи Данғара Ҷамшед Шарифзода, рӯзи 28 июл, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон изҳор дошт, ки бо қарори ҳукумат дар ноҳия биноҳои бузурги маъмуриву маишиву фарҳангие бунёд мешаванд, ки вижаи як маркази вилоятанд.

Ӯ аз Шифохонаи вилоятии сироятии Данғара, раёсати корҳои дохилии ноҳияи Данғара, биноҳои кумитаҳои вилоятии ҳифзи муҳити зист, замин, маркази беҳдоштиву эпидемиологӣ ва ғайра ёдовар шуд.

“Ин ҳама ба он маъност, ки Данғара вилоят мешавад, аммо дар бораи замони дақиқи он чизе гуфта наметавонем”, — гуфт Ҷамшед Шарифзода.
Сарусадоҳо дар бораи табдил ёфтани шаҳраки Данғара ба пойтахти Тоҷикистон ва ноҳияи Данғара ба вилояти алоҳида тайи солҳост,ки мавриду гуфтугӯҳо қарор дорад.

Он ҳам ба ин хотир? ки дар шаҳрак биноҳои донишгоҳҳо, шифохонаҳо ва корхонаҳои бузурги сатҳи вилояту ҷумҳурӣ сохта мешаванд. Ин гумонҳо бо он тақвият мешаванд, ки Данғара зодгоҳи президенти Тоҷикистон аст.
Дар ҳақиқат, пас аз ин Данғара ба як вилояти аз нигоҳи иқтисодӣ қавии Тоҷикистон табдил хоҳад шуд, зеро корхонаҳои бузург дар Ёвон, нерӯгоҳҳои “Норак” – у “Роғун” ва як қатор корхонаҳои нав, аз қабили Корхонаи полоиши нафт дар худи Данғара дар қаламрави ин вилоят хоҳанд буд ва зарфиятҳои бузурги иқтисодии ҷумҳурӣ дар қаламрави он мунсаҷим хоҳанд шуд.

Худи ноҳияи Данғара соли 1932 дар қаламрави собиқ вилояти Кӯлоби Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳоло ҳудуди 150 ҳазор нуфус дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *