ХУДОЁ ИН ЧӢ ГАП? ДАЛЕР НАЗАРОВ ҲАМ ГИРИФТОРИ БАЛО ШУДААСТ!!!

Ҳофизи маҳбуд, сарояндаи сабки хоса, оҳангсози шинохтаи тоҷик Далер Назаров аз коронавирус сироят гирифтааст. Айни ҳол овозхон худро хуб ҳис карда, дар хонааш муолиҷа мегирад”. Гуфтааст яке аз хешовандонаш ба “Азия-Плюс” .

Манбаъ мегӯяд, ки “аз куҷо ин бемориро бо худ гирифтани ҳофиз маълум нест,зеро чанде пеш аз бемор шуданаш ба Хуҷанд ва баъдан ба Бадахшон рафта буд”.

Дар бораи ҷузъияти воқеа манбаъ шарҳи дигареро раво надонист.
Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 3-4 июл шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ 49 нафар зиёд шуда, акнун шумори умумии сироятёфтагон дар ҷумҳурӣ ба 13 ҳазору 597 нафар расид.

Шумори фавт ҳам аз мавҷи дуюми коронавирус афзуд. Давоми ду рӯз боз 4 нафар фавтида, теъдоди умумии фавтидагон ба 95 нафар расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *