Хушдоманкуш ҷазо гирифт

Ҷанҷоли мо аз ин сар шуд, ки хушдоманам розӣ нашуд калиди анборро диҳад, то ман барои фарзандонам ғизо омода кунам. Аз ин хотир, мо ба ҳамдигар дарафтодем. Ман ӯро буғӣ карда, камтар пас сар додам, ки ба замин афтиду дигар аз ҷой нахест.

Моҳи ноябри соли 2020 Н. Т., сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Чустӣ, деҳаи Суғдиён хушдоманаш А. Т.-ро ба ҳалокат расонда, ҷинояти худро пинҳон кардааст.
“Хешу табор ва мардуми деҳа марги А.Т.-ро табиӣ гумон карда, ӯро ба хок супурданд. Аммо 27 ноябри соли 2020 Л.Б., духтари А.Т. ба прокуратураи ноҳияи Шаҳринав муроҷиат намуда, кушодани қабри модараш ва гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судиро тақозо кард. Ҳангоми санҷиш муайян карда шуд, ки А. Т. на аз марги табиӣ, балки ҷабран аз ҳаёт маҳрум карда шудааст”, — гуфт манбаъ.
Дар Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии «Экспертизаи тиббию судӣ» — и вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ карда, гуфтаанд, аз ин ниҳод тақозо шуд, ки ҷасадро эксгуматсия кунанд ва 1 декабри соли гузашта ин кор анҷом дода шуд.
“Хешовандони марҳум аксҳоеро ба мо пешниҳод карданд, ки замони шустушӯи ҷасад гирифта шуда буданд. Дар онҳо аломатҳои хунрезиву харош дида мешуд. Вақте ҷасадро муоина кардем, осори марги иҷборӣ, аз ҷумла хунрезӣ дар соҳаи лабу даҳони ҷасад ошкор шуд. Худи гумонбарро низ ташхис кардем. Дар бадани ӯ низ нишонаҳои кашмакаш пайдо шуданд. Дар умум, мо ба ин хулоса расидем, ки марҳум воқеан кушта шудааст, ба марги худ намурдааст”, — гуфтанд дар Маркази ҷумҳуриявии “Экспертизаи тиббию судӣ”.
Бино ба иттилои манобеъи огоҳ, Н. Т. ҳангоми тафтишот ва ҳам мурофиаи судӣ, ки ҳафтаи гузашта дар толори суди Шаҳринав баргузор шуд, ба ҷинояти худ иқрор кардааст.
“Ҷанҷоли мо аз ин сар шуд, ки хушдоманам розӣ нашуд калиди анборро диҳад, то ман барои фарзандонам ғизо омода кунам. Аз ин хотир, мо ба ҳамдигар дарафтодем. Ман ӯро буғӣ карда, камтар пас сар додам, ки ба замин афтиду дигар аз ҷой нахест. Пас маълум гардид, ки ӯ аллакай ҷон додааст”, — гуфтааст ӯ.
Бино ба қавли шоҳидон, Н. Т. бо ду фарзанд ва шавҳари мариз як зиндагии фақирона дошта, ба сахтӣ рӯзгори худро пеш мебурдааст ва аз кӯмакҳои хонаводаи шавҳараш вобаста будааст.
Суди ноҳияи Шаҳринав ӯро аз рӯи моддаи 104, қисми 1 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар), ки аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, ба хотири зан ва соҳиби фарзанд будан 9 сол аз озодӣ маҳрум кардааст, навиштааст «Спутник»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *