Иҷборан тарошидани риши мардони то 60 сола

Мақомоти Туркманистон ба хотири пайрави накардан аз расму ойини ислом иҷборан риши мардонро  метарошад.

Таъқиботи риштароши қаблан низ дар ин кишвар буд, аммо эътирозҳои пайи ҳами ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон тайи чанд моҳ ин таъқибҳоро барҳам дода буд, вале рӯзҳои охир боз мақомот ба “шикор”-и шишдорон баромад.

Гуфта мешавад, ки мақомот дар шаҳри Туркманобод ва ноҳияи Фороби Туркманистон дар кӯчаву бозорҳо гашта, ҷавонон ва мардони то 60-солаи диндорро боздошт карда, ба шуъба мебаранд. Онҷо риши дастгиршудаҳоро иҷборан метарошанд ва онҳоро ба ҳамкорӣ бо «тундравони диниву ваҳҳобиҳо» айбдор мекунанд.

«Онҳо мардони ришдорро ҷосусони турк меноманд. «Шумо дар Туркия ду рӯз кор карда, инҷо аз расму ойини онҳо пайравӣ мекунед», — мегӯянд ба ришдорон», — гуфт як сокини вилояти Лебап, ки ба шуъбаи пулис интиқол ёфта буд. Ба гуфтаи ӯ, маъмурон боздоштшудаҳоро суханҳои қабеҳ гуфта, таҳқир мекунанд.

Бояд гуфт, ки мақомоти Туркманистон солҳои ахир мубориза бо мондани ришро пурзӯр кардаанд. Соли гузашта туркманистониҳои аз 20 то 55-сола ба иллати доштани риш ба ҳавопаймо роҳ намеёфтанд. Бештари онҳо маҷбур мешуданд, риши худро дар фурудгоҳ тарошанд.

Манбаъ ва расм: «Озодӣ»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *