Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Икром Субҳонзода: Оғози парвозҳо ба Русия ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст

Мо мунтазири паёми расмии мақомоти авиатсионӣ ҳастем, – Агар ин тавсияҳои ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо паҳншавии сирояти коронавируси Федератсияи Россия аз ҷониби мақомоти расмии авиатсионӣ тасдиқ карда шаванд, пас мо ба баррасии ин шурӯъ хоҳем кард

Тибқи гуфтаи директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода Икром, маълумот дар бораи он, ки Русия аз 1 апрел ҳаракати ҳавоӣ бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳоро аз сар мегирад, аз ситоди фаврӣ барои мубориза бо паҳншавии коронавирус дар Федератсияи Русия аст ва ҳанӯз расман аз ҷониби мақомоти авиатсионии Русия тасдиқ нашудааст.

Дар асоси натиҷаи муҳокимаҳо, бо назардошти вазъи эпидемиологӣ дар кишварҳои алоҳида ва мувофиқа бо сарвазир Михаил Мишустин, қарор қабул карда шуд, ки аз 1 апрели соли 2021 дар асоси мутақобила дубора барқарор карда шавад. Аммо, ба гуфтаи Субҳонзодаи Икром, то ҳол тасдиқи расмии ин тавсия аз ҷониби мақомоти авиатсионии Федератсияи Русия ба қайд гирифта нашудааст.

“Мо мунтазири паёми расмии мақомоти авиатсионӣ ҳастем, – хабар медиҳад манбаъ, – агар ин тавсияҳои ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо паҳншавии сирояти коронавируси Федератсияи Россия аз ҷониби мақомоти расмии авиатсионӣ тасдиқ карда шаванд, пас мо ба баррасии ин шурӯъ хоҳем кард” гуфтааст Субҳонзода

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.