Иллоҳо ба пойи варзишгарони мо хор нахалад!!!

Ду варзишгари хориҷӣ, ки дар қаламрави деҳаи олимпӣ дар Токио ба сар мебаранд, гирифтори коронавирус ҳастанд. Ташхиси ҳар дуи онҳо мусбат баромад, хабар медиҳад Кумитаи тадорукоти Токио — 2020.

Феълан дар мавриди ҳувияти варзишгарон чизе маълум нест.
Қаблан дар мавриди як варзишгар хабар дода шуд, ки бо коронавирус вориди Ҷопон шудааст.

Рӯзи якшанбе 10 мавриди гирифторшавӣ ба коронавирус дар байни кормандону афроди наздик ба созмондиҳандагони ин бозӣ сабт гардид.
Рӯзи шанбе аз 15 мавриди беморшавӣ маълум буд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро ба Бозиҳои Олимпии Токио — 2020 як ҳайати 23 нафара муаррифӣ менамояд. Худо мададгору ёварашон гардад, то ба пояшон хор нахалад. Бо тани сиҳату сари баланд шомили бозиҳо шуда, бо дастовардҳои назаррас ба кишвар баргарданд . Комёбиҳо насибашон!

Бозиҳои олимпӣ рӯзи 23 июл оғоз меёбанд ва то 8 август идома хоҳанд ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта бинобар авҷи маризии коронаиврус ин мусобиқаи байналмилалӣ доир нашуд.

Имсол бошад, ташкилкунандагони Бозиҳои олимпӣ тасмим гирифтанд, ки бо ҳузури теъдоди ками тамошобинон, мусобиқаро баргузор мекунанд.
Дар ин олимпиада тамошобинон аз хориҷи кишвар роҳ дода намешаванд, меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *