Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Имрӯз бо қарори суд ҳукми қатли як зан иҷро шуд

Суди Индиана иҷрои ҳукмро ба таъхир гузошт, аммо Суди Олии ИМА ин қарорро рад кард.

Дар бораи қатли ин зан субҳи 13 январ соати 01:31 ба вақти маҳаллӣ хабар дода шуд. Соли 2004 Лиза Монтгомери дар куштори ваҳшиёнаи як зани ҳомила гунаҳгор дониста шуд. Суд ба ӯ ҳукми маргро лоиқ донист. Дар аввал бояд ҳукми ӯ 8 декабр иҷро мешуд, аммо бо қарори суд иҷрои он то 12 январ мавқуф гузошта шуд ва инак бори аввал дар 70 соли охир бо қарори суд занро дар Амрико ба қатл расониданд.

Суди Индиана иҷрои ҳукмро ба таъхир гузошт, аммо Суди Олии ИМА ин қарорро рад кард. Адвокати ин зан гуфт, ки мақомоти ИМА қонунро вайрон карда, эъдом кардани шахси гирифтори бемории рӯҳиро иҷозат доданд. Моҳи июл Суди олии ИМА таъхири қатлро дар зиндонҳои федералии кишвар бекор кард. Аз ҳамон лаҳза, то ҳол ҳукми 11 маҳкумшуда иҷро карда шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.