Имрӯз Душанбе қисман бебарқ мемонад

Кӯчаҳои Айнӣ, Тепаи Шарқии ноҳияи Шоҳмансур ва кӯчаҳои Саъди Шерозии ноҳияи Фирдавсӣ низ муддати 8 соат аз барқ маҳрум мемонанд.

Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки фардо бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе кӯчаҳои пойтахт барқ хомӯш мешавад.
Ба иттилои манбаъ, неруи барқ аз соати 09:00 то 17:00 муваққатан қатъ мегардад.
«Бе неруи барқ аз ҷумла кӯчаҳои Сурхоб, Заҳматобод, Сахбо, Саноӣ ва Донишҷӯён мемонанд», — омадааст дар хабар.
Ҳамчунин, кӯчаҳои Айнӣ, Тепаи Шарқии ноҳияи Шоҳмансур ва кӯчаҳои Саъди Шерозии ноҳияи Фирдавсӣ низ муддати 8 соат аз барқ маҳрум мемонанд.
Илова бар ин, сокинони кӯчаҳои Яккачинор, Русулов, Зарафшон 1-2, Бобоҳамдам, маҳаллаҳои Ободкорон, Чағатай, Чортеппа ва Чорякарон ҳам дар ин муддат бидуни барқ хоҳанд монд.
Манбаъ меафзояд, маҳдудияти нерӯи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *