Имрӯз хубу пагоҳ бад, вазъи ҳавои кишвар

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи  бебориш пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11  ва  рӯзона 20+25  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона  9+14  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.  Шамол  аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 8+13  ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5  дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12  ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр боришоти борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 7+12  ва рӯзона 21+26  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6  ва рӯзона  18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи  бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  10+12  ва рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад.

Тавре КҲФ огоҳ мекунад,аз пагоҳ сар карда, вазъи ҳаво тағйир меёбад ва рузҳои 8-11 октябр дар куҳҳо барф ва дар водиҳо борон мебораду шамолди сахт дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *