Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ин субҳ боғчаи бачагонаи Бохтар сӯхт

 Як боғчаи кӯдакона дар шаҳри Бохтар ба коми оташ рафтааст. Сабабҳои ин ҳодиса то кунун маълум нест.

Як масъули Идораи оташнишонии вилояти Хатлон гуфт, ки сухтор субҳи имруз, чаҳоршанбеи 25-уми ноябр сар зад. Ҳанӯз маълум нест, ки ҳангоми сухтор кӯдакон онҷо будаанд ё на. Ба гуфтаи манбаъ, ошёнаи якум ва дувуми кӯдакистон оташ гирифтааст. Дар бораи хисорот ва талафоти оташсӯзӣ хабари расмӣ нашр нашудааст.

Боғчаи рақами ду дар Бохтар яке аз кӯдакистонҳои қадима дар ин шаҳр буда, дар назди Коллеҷи тиббӣ ва Идораи молияи вилоят ҷойгир аст.(Хабар такмил мешавад)

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.