Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Исеъфои вазири корҳои хориҷӣ

Аризаи истеъфои вазир баъди ҷаласаи Шӯрои амнияти Арманистон имзо шуд

Вазири корҳои хориҷии Арманистон Ара Айвазян рӯзи 27-уми май ва шаш моҳ баъди ҷанг бо Озарбойҷон истеъфо дод. Сабаби расмии истеъфои вазир нашр намешавад. Анна Нагдалян, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Арманистон гуфт, ки феълан онҳо дар бораи сабабҳои тарки мақом кардани вазир шарҳе намедиҳанд.
Аризаи истеъфои вазир баъди ҷаласаи Шӯрои амнияти Арманистон имзо шуд. Дар ин ҷаласа мавзӯи таниши ахир дар равобити Озарбойҷону Арманистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Никол Пашинян, иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Арманистон дар ин ҷаласа гуфт, ки нирӯҳои посдори сулҳ бояд дар хати марзе, ки давоми ду ҳафтаи ахир мавриди ихтилофи нав бо Озарбойҷон шудааст, мустақар шаванд.
Айвазян ба он хотир тасмим гирифт истеъфо бидиҳад, ки бо талошҳои Пашинян барои хатми низоъҳои марзӣ мухолифат кардааст. Ин талошҳои Пашинянро мухолифон маҳкум карданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.