Исфандиёр Ғуломов ва Сафарбеки Солеҳ ҳарду гирфтори короновирус шудаанд!

Тибқи иттилои шабакаҳои Фейсбук хабар дод, ки ҳунарпешаи шинохтаи театр ва синамои тоҷик Исфандиёр Ғуломов ва шоир ва коргардони маъруф Сафарбеки Солеҳ ҳарду бемор шудаанд. Дар нигоштаҳо аз ҳамаи мухлисон хостааст, то барои шифои комили ин ду ҳунарманд дуо кунанд.

Бино ба иттилои манобеъ Исфандиёр Ғуломов дар хона бо ҳамсараш табобат мегирад. Ҳунарманди маҳбуб дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, ки ҳоло аҳволаш рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Ва аммо Сафарбеки Солеҳ, бино ба иттилои манбаъ, чанд рӯз боз бо коронавирус, ки журналист Дилафрӯз Қурбони “ин шумқадами замон” номаш бурдааст, дар мубориза буда, зери дастгоҳи нафаскашӣ қарор доштааст ва бо касе ҳарф зада наметавонад.

Худоё, ин чӣ гуна короновирус аст, ки бар касе раҳме надорад? Гирифторӣ ба ин бемории маргзо шудани бештари аҳли илму адаб дар чист? Дар тарс? Паст будани имунитет? Риоя накрдани қавонини марбут ба пешгирии ин вабо? Охир, бубинед, ки дар ин чанд ҳафтаи охир чӣ қадар аз аҳли илму адаб дунёи фониро падруд гуфта аз дасти ин “шумқадами замон” манзил дар синаи хоки сард кардаанд.

Дӯстони азиз! Биёед, ҳама даст ба дуо бикушоем ва аз Худованд барои ин ду ҳунарманди маҳбуб ва кулли бемороне, ки аз коронавирус ва дардҳои дигар ранҷ мекашанд, талаби шифо кунем!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *