Ишқи аввалини Путин кӣ буд?

Тавре “Экспресс газета”, дар як мақолааш аз қавли ҳамсояи овони ҷавонии президенти Русия Владимир Путин навиштааст, бори аввал Путин бо як ҳамсояи девордармиёни худ Вера Козлова дил дода будааст.

Чи тавре, ки дар мақола гуфта шудааст, дар ин бора ширфурӯши шаҳраки Тосно, вилояти Ленинград, ки он замон Путинҳо дар он ҷо хонаи беруназшаҳрӣ доштанд, Аня бибии 87-сола нақл кардааст.

“Вовака шири навҷушидаро дӯст медошт ва ҳар замон ба хонаи мо барои шир меомад, -нақл мекунад ӯ, -Он замон ӯ ба ҳамсояаашон Вера, ки духтари дугонаи модараш Мария Ивановна буд, дил баста буд”.

Боре шаби Соли Нав, ки он вақт Владимир Путин донишҷӯ будааст, ҷавонон як ҷо ҷамъ омада, ин санаро қайд мекарданд. Онҳо пас аз нӯшидани шампон ба бозии “кӣ киро мебусад” машғул мешаванд.

Қоидаи бозӣ чунин буд, ки дар руи фарш шишаро бо навбат тоб медоданд ва сари шишаи шампон дар рӯ ба рӯи касе, ки истад, нафари шишаро тобдода ҳамонро бояд мебусид. Чун навбати Володя мерасад, ӯ коре мекунад, ки сари шиша дар рӯ барӯи Вера қарор мегирад ва мувофиқи шарт онҳо бояд ба хонаи дигар мегузаштанд, ки ин шартро ҳарду бо ҷону дил ба ҷо меоранд, навиштааст. “Экспресс газета”.

Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин пас аз ҷудо шуданаш аз занаш Людмила Путина ба таври расмӣ ҳоло муҷаррад аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *