«Истиқлол» бо «Ал-Ҳилол», «Шабоб ал-Аҳлӣ Дубай» ва «Ал-Ғарафа» бозӣ мекунад

Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 чемпиони Тоҷикистон шаш бозӣ хоҳад кард.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 дар гурӯҳи «А» бо ширкати чемпиони Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе – дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, хабар додааст.
Федератсияи футболи Тоҷикистон.
«Истиқлол» дар як гурӯҳ бо дастаҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Шабоб ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) ва ғолиби ҷуфти «Ал-Ғарафа» (Қатар) – АГМК (Узбекистон) дар плей-офф бозӣ мекунад.
Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 чемпиони Тоҷикистон шаш бозӣ хоҳад кард. «Истиқлол» аввалин дидорашро дар марҳилаи гурӯҳӣ 15 апрел муқобили чемпиони АМА – клуби «Шабоб ал-Аҳлӣ Дубай» анҷом медиҳад.
Марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 дар минтақаи Ғарб ба таври муттамарказ аз 14 то 30 апрел, дар минтақаи Шарқ бошад, аз 21 апрел то 7 май сурат мегирад.
Тибқи низомнома, бо натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони 5 гурӯҳ дар ҳар ду минтақа, ҳамчунин седастаӣ аз ҳар минтақа, ки ҷои дуюмро ишғол мекунанд ва нишондоди хуб доранд, ба марҳилаи 1/8-финалӣ роҳхат мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *