Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Иззат Амон боз ду моҳ дар маҳбас мемонад

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 25 май бо дархости тафтишот замони ҳабси Иззат Амонро то 2 моҳи дигар тамдид кард. Ӯ акнун то 24 июл дар боздошт боқӣ мемонад. Тафтишот мегӯяд, 11 нафар ба мақомот арз кардаанд, ки Иззат Амон гӯё онҳоро дар Русия фиреб дода, пулашонро гирифтааст, вале корашонро буд накардааст. Иззат Амон, ки рӯзи 25 марти соли ҷорӣ аз Маскав ба Душанбе истирдод шуд, бар асоси қисми чоруми моддаи 247-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ ба маблағи бузург айбдор мешавад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 60 сомонӣ) ва ё аз 8 то 12 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Наздикону тарафдорони Иззат Амон ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ барои танқидҳояш аз мақомоти Тоҷикистон мавриди таъқиб қарор гирифтааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.