Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Кӣ дар аскардиҳӣ пешқадам аст?

ВМКБ нақшаи даъватро дар як рӯз беш аз сад фоиз таъмин кард.

Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 46 дарсади нақшаи тирамоҳии даъвати наваскарон тайи 10 рӯзи аввал хабар дод.

  Тавре аз вазорати дифоъ иттилоъ доданд, ВМКБ  нақшаи даъватро дар як рӯз беш аз сад фисад таъмин кард.

Манбаъ афзуд, нақшаи даъват дар вилояти Суғд то кунан 60% иҷро шудааст.

Иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 70%-ро ташкил додааст.
Вазорати дифоъ афзуд, дар Комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақша 84 фоиз ва дар чаҳор навоҳии пойтахт, ки дар даъватҳои солҳои қаблӣ дар ҷойи пастар меистоданд, ҳоло дар даҳ рӯз 87 фоиз иҷро шудааст.

Гуфта мешавад, то кунун аз ҳолатҳои ҷой доштани «облава» касе ба ин ниҳод шикоят набурдааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷалби наваскарон ба сафи артиш хуб ба роҳ монда шуда, дар назар аст нақша пеш аз муҳлат анҷом шавад.

Бар асоси фармони Президенти Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш якуми октябр шурӯъ гардида, то ноябр идома хоҳад кард. Имсол ҷавонони соли таваллудашон 1993-2002 ба хидмати ҳарбӣ мераван

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.