Кӯҳнаварди хушбахт 2 миллион сомонӣ ёфт

Кӯҳнаварде аз Фаронса дар кӯҳҳои Алп тасодуфан як қуттии сангҳои қиматбаҳоро ёфт.

Дар ин бора портали France24 хабар медиҳад. Ӯ ин қуттиро дар наздикии қуллаи Монблан кашф кард. Қуттӣ аз зумуррад ва ёқут пур буд, ки дар дохили ҳавопаймои ширкати Air India, ки соли 1966 дар ин минтақа суқут карда буд, будааст.

Фаронсавӣ бозёфтро ба полис бурд. Кормандони интизомӣ мебоист соҳибони ҷавоҳиротро пайдо мекарданд, аммо ҷустуҷӯ натиҷа надодааст. Тибқи қонун, мақомоти коммунаи Шамони сангҳои қиматбаҳоро бо кӯҳнавард нисфӣ тақсим карданд.
Кӯҳнавард бозёфти худро ҳанӯз соли 2013 пайдо карда буд, аммо пас аз ҳашт сол ҳиссаи пули худро гирифтааст. Ба ӯ 150 ҳазор евро (қариб 2 миллион сомонӣ ) пардохт шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *