Камбизоатӣ. Оё ин дард даво дорад?

Камбизоатӣ воқеан дард аст, озорест, ки бояд аъзои ҳар як узви ҷомеаи мутамаддинро ба дард орад. Аммо суол ин ҷост, ки ин дардро кӣ ва бо кадом шева ба сари мо таҳмил мекунад? Магар худи мо не!?

Ростӣ, ин андеша, ки камбизоатӣ метавонад ҷомеаро ба футур барад ва бесаранҷом кунад, дар назари ман арзише надорад. Барои чӣ? Зеро, камбизоатӣ амри мушаххас нест, он метавонад тағйир ёбад, ё бади бад шавад ва ё ба накӯӣ гарояд. Чун, дар маркази ин тағйирот объекти мушаххас меистад, ки номаш “одам” аст. Агар “одам” одам асту хост ва талош кард, ҳама роҳҳо ба сӯйи камбизоатӣ бар рӯйи инсон баста мешаванду фаррухпайӣ зуҳур менамояд. Вақте талош ҳаст, замоне, ки одам намехоҳад пеши мушкилот мисли як ҷинси ночиз сар фуруд орад, зиёд уқдаву гиреҳҳо кушода мешаванд ва инсон майл мекунад сӯйи рушд, ҷониби бурдборӣ, ба самти хушҳоливу шикамсерӣ.

Чаро якбора аланга гирифтам!? Барои чӣ коҳи куҳнаро, ки солҳо боз ҷомеаи ҷаҳонӣ бод мекунад, ман бод мекунам? Ҳама айб дар Медведев аст! Ҳафтаи гузашта муовини раиси Шӯрои амният ва собиқ президенти Русия Дмитрий Медведев дар як суҳбат бо РИА “Новости” чунин гуморид, ки “камбизоатӣ ва даромади паст мушкили калидӣ барои Русияи муосир аст”. О, ваҳ, барои Русияи муқтадире, ки ҳатто давлатҳои пешрафта аз шунидани номаш ба ларза меафтанд, куҷо расад ба мардуми кишварҳои оддӣ!

Шояд ҷаноби Медведев ба он хотир изҳори нигаронӣ кард, ки як ё якчанд пурсишномаҳо ӯро водор ба шиквапардозӣ намуданд!? Шояд! Зеро, дур не, ба ҳамин наздикӣ, 13-уми декабри соли 2021 пойгоҳи SuperJob пурсишномаеро роҳандозӣ намуд, ки гӯё ягон гуна пасандоз надоштани 43%-и русҳоро муайян карда бошад. Рафту чунин ҳам бошад, магар ҷойи андешаву сар гиҷ карданҳо ва ғам хӯрданҳост!? О, ақаллан аз мо — тоҷикон панд намегиред? Оё намебинед, ки мо ба ҳар каму кост ба осонӣ сар фуруд намеорему таслим намешавем? Магар сухани сеҳрофарину ганҷовари мо — «як рӯзаму хурӯсам» барои шумо то ҳол мармузу нофаҳмост?

Падарам як сухани ғалатӣ дорад. Ҳар вақте ки ҳамсояҳо «Асомуддин, ҳамин қадар бачу качи бисёр чӣ лозим? Чӣ хел ба воя мерасонӣ?» гуфта суол мекунанд, шӯхиомез посух медиҳад: «Ризқи одам фаррох аст, ягон хасу хошок ҳам хӯрда калон мешаванд». Ин чӣ маънӣ дорад? Маънӣ ҳамин ҷост, ки аз чизи надошта набояд дар изтироб буд ва пайваста ғам хӯрду оҳиста-оҳиста худро хӯрд! Ва падарам ҳамеша худро доротарин инсон меҳисобад, чун ду духтар ва ҳафт писар дорад. Аммо, ба ҳеҷ ваҷҳ, сарфи назар аз «сархӯрандаҳо»-и зиёд намехоҳад худро камбизоат ё нодор вонамуд кунад.

Ман аз мактаби падари бузургворам гузаштаам ва ҳар қадар одамон доду шеван бардоранд, ки масалан дар Хатлон 27 дарсади аҳолӣ камбизоат асту дар фалон минтақаи дигар 24 ё 25 фоиз, аҳамияте намедиҳам. Зеро, медонам, ки чунин оморҳо ҳаргиз ва ба ҳеҷ ваҷҳ воқеӣ буда наметавонанд. О, чӣ гуна воқеӣ мешаванд, вақте ки як нафари аспаш аз ҷав мастро ба рӯйхати камбизоатон ворид месозанд!?

Хуллас, очаи гап ҳамин ки, ростӣ, аз ин нуқтаи назар тақсир дар Медведев ҳам нест, дар мо — мардуми оддӣ низ. Айби асосӣ ба гардани мақомоти омор бор аст, ки бештари вақт саҳлангорӣ мекунанд. Бояд намояндагони ин мақоми калидӣ масъултар дар ифои вазифаҳои худ бошанд ва такя ба омори дурӯғини ҷамоатҳои деҳот накунанд. Дар ин сурат, шахсан ман боварӣ дорам, фоизи камбизоатон хеле-хеле кам аз оморҳои рӯйи авроқи пажуҳишгарони милливу байналмилалӣ мебарояд, ки ба маърази ом гузошта мешаванд.

Ё ман хато мекунам?

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *