Карден дар 98 солагӣ вафот кард

Пиер Карден, тарроҳи машҳури фаронсавӣ дар 98-солагӣ даргузашт. Наздиконаш рӯзи 29-уми декабр гуфтанд, ӯ дар шифохонае дар наздикии Париж ҷон додааст.
Карден соли 1922 дар Итолиё зода шуда, дар Фаронса калон шудааст. Вай қабл аз он ки соли 1950 хонаи муди худро дар Париж фаъол кунад, дар ширкатҳое ба монанди «Dior» кор кардааст.
Номи Пиер Кардин ва либосҳояш дар Тоҷикистон ҳам машҳур аст. Модели тоҷик Парвина Саидова (Парӣ) соли 2017 гуфта буд, ки ӯро ба ҷашни 95-солагии Пиер Карден даъват кардаанд, аммо ба хотири издивоҷаш аз ин сафар даст кашид. Даъвати модели маъруфи тоҷик ба Фаронса баъди пирӯзияш дар озмуни “Маликаи зебоии ҷаҳон” (Miss World Beauty) дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар моҳи ноябри соли гузашта имконпазир шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *