Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

KFC. Чаро он навбати нонро ба ёд меорад?

 

Дар пойтахт KFC кушода шуд. Қисме аз сокинони Душанбе бо ҷайбҳои пури пул ва қувваи 100 фоизаи телефону Instagram-и фаъол ҷонибаш давиданд. Ин давиданҳо то назди дари KFC давом кард, зеро аллакай даруни он пур аз чунин шаҳрнишинон буд. Пас, дар берун интизор шуданд. Медонед ин интизорӣ кай ва чиро ба ёд меорад? Солҳои 90-умро, ки мардум барои нон дар навбат меистоданд.

Бале, ин афсона нест, балки мо ба рӯзе расидем, ки барои гуруснагиамон, аз ҳисоби нодидагиамон, бо сабаби худнамоишдиҳиамон ва махсус барои худкуши бегонапарвар буданамон чунин рафтор мекунем.

Мушкили мо ин аст, ки чанд рӯзи охир гурӯҳ-гурӯҳ шуда ба KFC меравем ва соатҳо дар берун интизор мешавем. Ин дар ҳолест, ки даҳҳо қаҳвахонаву «тезтайёр»-и ҳамватанони худамон «хоб»-анд, муштарӣ надоранд, андозпулӣ намеёбанд, моликонашон дилхунуку дар фикри бастани онҳо ҳастанд. Ба болои ин ҳама баъзе «ситора»-ҳои Instagram-и мо барои худкушиву бегонапарвар будану кардани дигарон «челенҷ» эълон мекунанд, ба ҳамдигаронамон омада рекламаи бепул мекунем, тавре нақли пурдурӯғ мекунем, ки бояд ҳатман ҳамсуҳбатамон ба KFC равад, дар навбат истад, хӯрад, нӯшад, пулашро сарф кунад.

Агар идеологхои мо ин вазъиятро дида, чизе наандешанд, агар соҳибкорони мо дар фикри пурзӯр кардани рақобат бо дигарон нашаванд, агар қаламбадастон хомӯш истанд, агар блогерони мо тарғиб кунанду обуначиҳояшон пайравӣ ва агар мо худамонро иваз накунем, бовар кунед,  фикри беҳбудиро карданамон афсона аст, зеро ба ин рафтору кирдоре, ки мо дорем ҳеҷ вақт иқтисодамон пеш намеравад.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.