Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Кобул бидуни муқовимат ба дасти Толибон мегузарад?!

15 август. INTERFAX.RU – Ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон  якбора аз ҳар сӯ ба пойтахти Афғонистон вориди Кобул шуданд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Sky News бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Афғонистон.

Се мақоми дигари афғон низ тасдиқ карданд, ки нирӯҳои Толибон вориди канори пойтахт шудаанд.

Sky News хотиррасон мекунад, ки Кобул ягона шаҳри бузурги Афғонистон аст, ки то ҳол ба дасти Толибон нагузаштааст.

Ин шабака ҳамчунин хабар дод, ки теъдоде аз дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо дар ин шаҳр ба ҷои махфии амн дар Кобул интиқол дода шудаанд. Ҳамзамон, эвакуатсияи кормандони сафорати ИМА идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, худи ҷангиёни Толибон як изҳороти расмӣ интишор доданд, ки дар он эълом карданд, ки отрядҳо ният доранд пойтахтро “бо роҳи осоишта” забт кунанд.

“Азбаски пойтахт Кобул як шаҳри калон ва сераҳолӣ аст, муҷоҳидони Имороти Исломӣ қасд надоранд, ки бо зӯрӣ ё ҷанг ба ин шаҳр ҳуҷум кунанд, балки баръакс ба тарзи осоишта Кобулро ишғол кунанд. Барои таъмини бехатарии раванди гузариш гуфтушунид идома дорад. Дар як изҳороти расмӣ  гуфта мешавад, ки боэътимодона, бидуни зарар ба ҳаёт, моликият ва шаъну шарафи касе ва бидуни зарар ба зиндагии кобулиён ” мо Кобулро тасарруф мекунем.

Толибон мегӯянд, ки онҳо “ба тамоми нерӯҳои худ амр додаанд, ки дар назди дарвозаҳои Кобул истанд ва барои ворид шудан ба шаҳр кӯшиш накунанд.”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.