Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Кобуло, о Кобуло, ин чӣ рӯзет, ки ба сарат омад?!

Толибон эълон карданд, ки музокирот барои интиқоли Кобул ба онҳо бидуни ҷанг идома дорад. Ҳамчунин, ба ҷангиён дастур дода шуд, ки ҳамла накунанд. Бо вуҷуди ин, сокинони маҳаллӣ ва рӯзноманигорон аз тирандозӣ дар ин шаҳр хабар медиҳанд

Толибон ба пойтахти Афғонистон наздик шуда, ҳузури худро дар як қатор минтақаҳо нишон доданд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон бо такя ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ.

Дар ҳоли ҳозир, маълум аст, ки Толибон ноҳияи Бағрамии устони пойтахт, қаламрави Донишгоҳи Кобул, кварталҳои 13 ва 18 Кобулро ишғол кардаанд.

Ин маълумотро Вазорати корҳои дохилии Афғонистон низ тасдиқ мекунад.

Маъмурияти президент хабар медиҳад, ки вазъ дар пойтахт “таҳти назорат аст, ба шаҳр ҳамлае нест”.

Толибон эълон карданд, ки музокирот барои интиқоли Кобул ба онҳо бидуни ҷанг идома дорад. Ҳамчунин, ба ҷангиён дастур дода шуд, ки ҳамла накунанд. Бо вуҷуди ин, сокинони маҳаллӣ ва рӯзноманигорон аз тирандозӣ дар ин шаҳр хабар медиҳанд.

Толибон ҳамчунин гуфтанд, ки ба кормандони сафорати Русия дар Кобул ва дигар дипломатҳо кафолатҳои амниятӣ хоҳанд дод.

Ва Толиб бо қатъият мегӯяд:

Шаҳрвандони хориҷӣ бояд Кобулро тарк кунанд

Ҳамчунин, шаҳрвандони давлатҳои дигар метавонанд дар Афғонистон бимонанд, аммо барои ин онҳо бояд сабти ном шаванд

Шаҳрвандони хориҷӣ бояд Кобулро тарк кунанд ё дар ниҳодҳои марбутаи ояндаи Толибон сабти ном шаванд. Дар ин бора расонаҳои эронӣ дар истинод ба намояндаи толибон хабар медиҳад.

Намояндаҳои ин ҳаракати экстремистӣ қаблан гуфта буданд, ки амнияти ҳамаи дипломатҳоро дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард.

Пас аз оне, ки Кобул ба дасти Толибон гузашт,  дар як қатор сафоратхонаҳои хориҷӣ бетартибиҳо ҳукмфармост, зеро онҳое, ки мехоҳанд раводид бигиранд ва аз ин кишвар хориҷ шаванд, навбат меистанд ва талош мекунанд ҳарчӣ зудтар ҳуҷҷатҳои заруриро ба даст оранд.

Дар банкоматҳо низ одамони зиёде навбат меитанд. Сокинони пойтахт низ ба таври оммавӣ шаҳрро тарк мекунанд.

Ҳамчунин гузоришҳо мавҷуданд, ки Толибон фурудгоҳи байналмилалии Кобулро иҳота карда, вориди қаламрави он шудаанд, аммо қасди забти онро надоранд.

Бино ба охирин маълумот, президент Ашраф Ғанӣ расман дар зудтарин фурсат истеъфо хоҳад дод ва ҳукумати муваққатӣ ташкил хоҳад шуд.

 Дар ин раванд вазири дифоъ кафолати амнияти мардумро медиҳад

Вазорати мудофиаи Афғонистон ба сокинони пойтахт кафолати амният дод

Вазири мудофиаи Афғонистон Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ наворе сабт намуда, сокинони Кобулро бовар бар он кардааст, ки амнияти онҳо таъмин аст.

Наворро Вазорати мудофиаи кишвар дар замоне нашр кард, ки  расонаҳо аз ворид шудани Толибон ба пойтахт, шаҳри Кобул хабар доданд.

“Мардуми шарифи Кобул. Ман ба намояндагӣ аз нерӯҳои дифоии Афғонистон ба ҳамаи шумо итминон медиҳам, ки амнияти Кобул таъмин аст, нерӯҳои дифоӣ ва амниятии шумо дар дифоъ аз Кобул муттаҳид ҳастанд”, – изҳор доштааст вай.

Ҳамчунин, вазир изҳор доштааст, ки Ашраф Ғанӣ тамоми салоҳиятҳоро ба “бузургон вогузор кард”.

“Дирӯз раисҷумҳури Афғонистон як маҷлис бо бузургҳои Афғонистон дошт ва дар он тамоми салоҳиятҳои худро ба онҳо вогузор кард”, – таъкид кардааст Бисмиллоҳхон.

Ба қавли вазир, ин салоҳият то дамест, ки дар Доҳа дар мавриди сулҳи Афғонистон ба тавофуқ расанд. “Ин ҳайъат қарор аст, фардо ба Доҳа раванд, дар он ҷо рӯи масъалаи Афғонистон ба як тавофуқ бирасанд”, гуфтааст вазир.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.