Комроншоҳ низ ноумедамон кард…

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик, ки субҳи имрӯз, 28-уми июл, дар Олимпиадаи Токио дар мусобиқаи ҷудо дар вазни то 90 кило ба рақобат аз даври дувум шуруъ кард, аз Аксел Клергети фаронсавӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.

Зимнан, Клергети 34-сола дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило нисбат ба Комроншоҳи 28-сола панҷ зина боло, дар ҷойгоҳи 17-ум, қарор дорад. Дар ин вазн 33 гуштигир барои ҷоизаҳо талош меварзанд.
Ин чорумин рақобати ҳарду дар мусобиқоти бузурги байналмилалӣ ба шумор мерафт. Дар се қувваозмоӣ паҳлавони фаронсавӣ пирӯз шудааст ва танҳо дар як рақобат гуштигири тоҷик ғолиб омадааст.

Боз як паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов 30-юми июл вориди рақобат мешавад. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Энди Гранда аз Куба қувваозмоӣ хоҳад кард. Энди дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Темур се зина поён аст (20-ум). Дар ин вазн 22 нафар сабти ном шудаанд.

Аз миёни муштзанҳои тоҷик Баҳодур Усмонов, ки дар даври муқаддамотии сабқати бокс дар вазни то 63 кило бар Леонел Сантоз Нунез аз Доминикан бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд, рӯзи 31-уми июл дар даври баъдӣ бо Элнур Абдураимов, варзишгари қазоқтабори ӯзбекистонӣ, рақобат хоҳад кард.

Боз як муштзани тоҷик — Сиёвуш Зуҳуров — рӯзи 29-уми июл дар вазни беш аз 91 кило қувваозмоӣ хоҳад кард. Рақибаш Мурод Алиев аз Фаронса мебошад.

Ду намояндаи дигари Тоҷикистон — Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов — дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод рӯзи 30-юми июл ба рақобат мепардозанд. Илдар Аҳмадиев бошад, рӯзи 31-уми июл дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон дар даври муқаддамотӣ рақобат хоҳад кард.
Як нафар – Баҳодур Усмонов (бокс) – пас аз як пирӯзӣ ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Боз панҷ нафари дигар – Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Темур Раҳимов (ҷудо), Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов (ҳарду – шиноварӣ), Илнур Аҳмадиев (варзиши сабук) ба сабқат омодагӣ мебинанд.

Бояд гуфт, ки се варзишгари тоҷик – Комроншоҳи Устопириён, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов бори дуюм аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудаанд. Ҳарсе дар Олимпиадаи Рио-2016 иштирок карда буданд. Ҳафт нафари дигар бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *