Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Корҳо рафта истодаанд…” мегуяд раис, аммо …

“Корҳо рафта истодаанд…” чунин иброз дошт, раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Юсуф дар ҳузури рӯзноманигорон. Гап сари он мерафт, ки чаро атрофи терминали марказии шаҳр, аниқтараш ҳудудҳои он пур аз мағозаю дӯконҳо, ошхона, дигар нуқтаҳои савдо шудааст.

Ин боиси дар атрофи бозори марказӣ пайдо гардидани нуқтаҳои сайёр ё ғайриқонунии нақлиётҳои мусофиркашони ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, ҷамоатҳои деҳоти Даҳанаю Зиракии шаҳри Кӯлоб гаштааст. Ин боиси танбашавии роҳи назди бозори марказ мегардад.

Аз беш аз 13 ҳазор қойидавайронкуниҳои нақлиётии соли гузашта ба қайдгирифташуда як қисмаш маҳз ба ин фосилаи роҳи 400 метра рост меояд.

Мақомот нигарон аст: 132 млн қарзи Кӯлоб


Кӯчонидани биноҳои атрофи терминал ғайриимкон аст, иброз намуд раиси шаҳр.

Вале аз қисми ғарибии терминал шароиту имконияти васеъ намудани он аст. Дар ин бобат корҳо рафта истодаанд ва проблема ҳалли мусбии худро хоҳад ёфт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.