Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Корманди амният ҳамҷинсгароро куфту акнун суд мешавад

Прокуратураи вилояти Алматои Қазоқистон барои корманди пешини Кумитаи амнияти миллии он кишвар, ки дар хушунати ҷинсӣ ва латукӯби як ҳамҷинсгаро айбдор мешавад, 10 соли зиндон талаб кард.

Аз зани ҷабрдида, ки ҷинсашро иваз кардааст, Виктория Беркхоҷаева ном бурда мешавад.

Прокурор ҳамчунин аз суд хостааст, ки айбдоршаванда аз ишғоли мансабҳои давлатӣ пурра маҳрум карда шавад. Корманди пешини Кумитаи амнияти миллӣ дар суд айбҳои эъломшударо рад кардааст.

Парвандаи ҷиноӣ барои хушунат ва латту куби Виктория Беркхоҷаева тобистони соли 2019 ва моҳи октябри ҳамон сол корманди пешини мақомоти амният боздошт шуд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.