Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Коронавирус: Аз омори гирифторон то фавту шифо дар ИДМ

 Дар Ӯзбекистон бо ошкор шудани 16 ҳолати дигари коронавирус шумораи умумии гирифторони ин бемории марговар с ба 104 нафар расид. Ҳамчунин, дар ин кишвар ду ҳолати фавт ба қайд гирифта шудаааст.

Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад. Ба ҳолати 28 март шумораи гирифторони коронавирус дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 2499 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар Россия 1036 ҳолат, Арманистон – 329, Украина – 310, Қазоқистон – 204, Молдова – 199, Озарбойҷон – 165, Ӯзбекистон – 104, Беларус – 94 ва Қирғизистон – 58 ҳолати сироятёбӣ ошкор шуд. Дар баъзе аз ин давлатҳо шумораи бемороне, ки шифо ёфтаанд, низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 45 нафар, Беларус — 32, Арманистон – 28, Озарбойҷон – 15, Қазоқистон – 13, Ӯзбекистон – 5, Украина – 5 ва Молдова – 2 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд. Илова бар ин, дар Россия 4 ҳолати фавт бар асари коронавирус, Украина – 5, Озарбойҷон – 3, Молдова – 2, Ӯзбекистон — 2, Арманистон – 1 ва Қазоқистон — 1 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, 110 нафарро ташкил медиҳад, ки ду каси онҳо шифо ёфта, чор тани дигар вафот кардаанд. Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 597 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 27 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 133 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 23 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд. Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то ҳол ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вазорати тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки то имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо новобаста ба ин, чораҳои пешгирикунандаи он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ супориш додааст, ки дар ҳолати эълон гардидани карантин дар ҷумҳурӣ бояд гурӯҳи валантиёрон таъсис дода шуда, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бигузоранд. Барои таъсиси гурӯҳи валантиёрон ва сафарбар намудани онҳо барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ марказҳои тарзи ташаккули ҳаёти солим ва матбуоти вазорат муваззаф гардиданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.