Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Коронавирус дар Тоҷикистон, духтурон “ҳаст” вазорат “нест”

Танҳо рӯзи 8 июн танҳо дар “Диамед” дар Душанбе 100 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунон пойфишорӣ дорад, ки аз моҳи январ ба ин сӯ дар кишвар ягон ҳолати нави сирояти коронавирус ошкор нашудааст.Аммо табибону сокинон аз бозгашти COVID-19 ба Тоҷикистон бонги изтироб мезананд.
Хабаргузории “Азия-Плюс” рӯзи 12 июн ба нақл аз манбаи худ дар озмоишгоҳи «Диамед» иттилоъ дод, ки танҳо рӯзи 8 июн танҳо дар ин озмоишгоҳ дар Душанбе 100 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. “Диамед” ба анҷоми ташхиси коронавирус машғул аст ва ба гуфтаи кормандаш, ду ҳафтаи ахир қариб ҳар рӯз ташхисҳои анҷомдодаи онҳо ҳолатҳои навбанави гирифторӣ ба коронавирусро ошкор мекунанд. “Азия-Плюс” навишт, дар дастикам як озмоишгоҳи дигар низ аз сабти ҳолатҳои нави коронавирус дар пойтахт хабар додаанд
Вале Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин маълумотро беасос хонда, исрор меварзад, ки сухан дар бораи хуруҷи мавсимии бемориҳое, чун пневмония ё зуком меравад, ки мардум иштибоҳан коронавирус гумонаш мекунанд.
Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи ин вазорат ба “Азия Плюс” гуфт, “ин хабарҳо асос надоранд. Вақте ҳарорати касе боло меравад, аз ӯ ташхис мегиранд. Вале дар аксари ҳолатҳо ташхис нишон медиҳад, ки “гумонбаршаванда” гирифтори илтиҳоби шуш (пневмония) ё зуком шудааст ва бемории ӯ рабте ба коронавирус надорад.”
Вазорати тандурустӣ шоми 12 июн низ дигарбора гузориш дод, ки “дар шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд”. Ин ҷумларо маркази матбуоти вазорат аз аввали сол ҳар рӯз ба такрор нашр мекунад, вале кам касе бовараш мекунад.
Ва аммо як сокини Душанбе гуфтааст, дар поёни моҳи май аввал падар ва сипас модараш ба COVID-19 гирифтор шуданд. «Падарам дар як маъракаи ош иштирок карданд, мегӯянд, ки шояд ҳамон ҷо сироят шуданд», – гуфтаст ӯ. Натиҷаи озмоиши модари 62-солааш рӯзи 30 май нишон дод, ки ӯ низ сироят дидааст. Аммо масъулини тиббии маҳалла натиҷаи озмоишгоҳро қабул надоранд ва пойфишорӣ мекунанд, ки онҳо ба “ковид сироят нашудаанд” ва “инро санҷиши худи онҳо тасдиқ кардааст”. Парастори минтақавӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, гуфт, дар як кӯчаи назди бунгоҳи тиббии онҳо “дар панҷ хона гирифторони коронавирус” таҳти назорат мебошанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.