Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Коронавирус” гуфту аз вазифа рафт

Барканории Абдуллозода баъд аз он сурат гирифт, ки ӯ ахиран дар бораи бо аломатҳои коронавирус бистарӣ шуданӣ 4 нафар ва бо аломатҳои илтиҳоби шуш таҳти муоина қарор доштани 15 нафари дигарро дар вилояти Суғд хабар дод.

Абдумавлон Абдуллозода, раиси Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд (СЭС) бо фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз мақом барканор ва ба ҷои ӯ Тахмина Усмонова, ки то кунун мудири маркази беҳдоштии Хуҷанд буд,таъйин шудааст.

Абдумавлон Абдуллозода дар мансаби раиси Маркази беҳдоштии вилояти Суғд ҳамагӣ 8 моҳ кор кард. Дар як соли охир раҳбари ин идора инак бори чорум аст, ки иваз мешавад.

Барканории Абдуллозода дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ ахиран дар бораи бо аломатҳои коронавирус бистарӣ шуданӣ 4 нафар ва бо аломатҳои илтиҳоби шуш таҳти муоина қарор доштани 15 нафари дигарро дар вилояти Суғд хабар дод. Абдуллозода аз ҷумла гуфта буд, ки як шаҳрванди тоҷикиюласли Арабистони Саудӣ бо номи Мансур Алӣ Қосимро бо нишонаҳои бемории коронавирус дар шифохонаи касалиҳои сироятии Хуҷанд ба карантин гирифтанд ва се корманди меҳмонхонаи шаҳри Бӯстонро, ки бо ӯ дар тамос буданд, низ ба гӯшанишинӣ фиристодаанд.

Сарусадоҳо дар бораи бистарӣ шудани 19 нафар бо аломатҳои илтиҳоби шуш ва коронавирус дар вилояти Суғд ва 13 корманди Созмони Милал дар Душанбе дар ҳоле буд, ки мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ ҳар рӯз гузориш медиҳанд, ки “”дар шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд”.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.