Коронавирус консерти Нигинаро дар Исроил батаъхир гузошт

Консерти овозхони маъруфи тоҷик Нигина Амонқулова дар Исроил, ки бояд 11-12 март баргузор мегардид, бекор шуд.

Элӣ Яъқубов, ташкилкунандаи ин консерт гуфтааст, ки Вазорати тандурустии Исроил баргузории ҳамаи чорабиниҳои оммавӣ ва сериздиҳом, аз ҷумла, консерти моро бо сабаби хатари паҳншавии коронавирус бекор кард. 

Вай афзуд, ин аввалин консерте мебошад, ки ӯ мехост бо иштироки ситораи эстрадаи Тоҷикистон барпо кунад. “Ин ҷо маро ҳама мешиносад. Бо иштироки овозхонҳои маъруфи Ӯзбекистон бисёр консертҳо гузаронидам. Ин аввалин чорабиние буд, ки бо овозхони шинохта аз Тоҷикистон гузаронданӣ будам”, — гуфт ӯ.

“90%-и билетҳо фурӯхта шудааст. Толорҳое, ки мо дар онҳо консерт барпо карданӣ будем, начандон бузург буда, 600-700 ҷойи нишаст доранд. Дирӯз бо Нигина суҳбат кардем, ки баъд аз муътадил шудани вазъ консертро баргузор мекунем. Одамон занг зада, мегӯянд, ки пулҳояшонро баргардонем. Лекин мо онҳоро ором сохта, мефаҳмонем, ки консерт ҳатман баргузор мешавад ва билетҳояшонро бо худ нигоҳ доранд”, — иброз дошт Яъқубов.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Исроил, дар ин кишвар 50 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Зимнан, барои ҳамаи касоне, ки аз хориҷа меоянд, карантин ҷорӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *