Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Короновирус нест! Вазорати тандурустӣ овозаҳоро рад кард (навор)

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аз короновирус даргузаштани як сокини 60 солаи Суғд ва сироят ёфтани табибони бемористони ноҳияи Ҷаббор Расуловро рад кард.

Бибихонум Дарвешзода, сухангӯйи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар зимни суҳбати телефонӣ ба хабарнигори pressa.tj марги як сокини 60-соларо аз пнивмания тасдиқ кард, вале сироят ёфтани ӯро аз вируси короно рад кард:
“Як рӯз пеш аз маргаш табибон беморро ташхис карда буданд. Маълум шуд, ки ин нафар аз короновирус сироят наёфтааст”.
Бибихонум Дарвешзода гуфт, ки воқеан чанде аз табибони бемористони ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти назорати табибон ҳастанд:

“Сабаби таҳти назорат будани табибон дар он аст, ки онҳо тайи чанд рӯзи охир бо нафарони дар карантинбуда робита карданд, онҳоро парасторӣ намуданд. Бинобар ин, таҳти назорат будани онҳо табиист”.


Бо таби баланд ба беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи Хуҷанд интиқол ёфтани Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури бемористони маркази ноҳияи Ҷаббор Расуловро низ Дарвешзода тасдиқ кард, вале вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ кард:
“Мо субҳ бо Абдукаримов дар тамос шудем. Вазъи саломатиаш хуб аст. Номбурда, гуфт ки пас аз бозии футбол вазъи саломатиаш нохуб мешавад. Чун ӯ бо нафарони дар карантин буда дар иртибот буд, ба бемористони бемориҳои сироятӣ меояд то аз ташхиси тиббӣ гузарад. Ӯ зуком аст ва ташхис нишон дод, ки короновирус нест”-гуфт номбурда.

Ба гуфти Бибихонум Дарвешзода то ба имрӯз 6468 нафар дар Тоҷикистон таҳти карантин қарор доштанд, ки теъдоди аз онҳо ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд. Феълан дар ҳудуди вилояти Суғд 821 нафар таҳти карантин ҳастанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.