«КП»: “Ситораҳо”-и рус аз Куршевел ба Маскав “омикрон” мебаранд
Бино ба иттилои расонаҳо, намояндагони шоу-бизнеси Русия, ки дар Куршевел бидуни ниқоб ва риояи масофаи иҷтимоӣ истироҳат мекунанд, эҳтимол ба Маскав штамми нави коронавирус — омикрон бубаранд.
Тавре “Комсомолская правда” менависад, одамон дар ҳудудҳои Куршевел Олга Бузова, Клава Кока, Ксения Собчак, Вячеслав Малафеев, Григорий Лепс, Николай Фоменко, Слава ва бисьёр дигаронро дидаанд.
Манбаъ ёдовар шудааст, ки Аврупо ҳоло ба сабтҳои нави зидди ковид омодагӣ мегирад: тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, беш аз нисфи аврупоиҳо дар давоми 6-8 ҳафтаи оянда ба омикрон мубтало хоҳанд шуд.
— «Омикрон» Русияро ҳам дар канор намонд. Дар Маскав рӯзи 11-уми январ афзоиши якбораи шумори гирифторон 4 ҳазору 635 нафар ба қайд гирифта шуд. Ва истисно нест, ки вирус аз Куршевел меояд, зеро, истироҳаткунандагон якдигарро сироят кардаанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ