Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Куҷо рафтӣ Масъуд, ки хоки поят дору гаштаст!!! Ё худ тарки консулҳо аз Мазори Шариф

Манбаъе итиилло медиҳад, ки консулиҳои кишварҳои хориҷӣ дар Мазори Шариф, яке аз муҳимтарин шаҳрҳои шимоли Афғонистон фаъолиятҳояшонро қатъ карданд
Тибқи иттилои манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон дар Шӯрои вилоятии вилояти Балх, аз 9 кишваре, ки дар Мазори Шариф консулгарӣ доштанд, танҳо ду кишвар дарҳои худро набастаанд.

“Вақте аз онҳо пурсиданд, гуфтанд, ки мо муваққатан маъмуриятамонро ба Кобул мекӯчонем. Сабаба ин кӯчбастанро нагуфтанд, вале ин ба номуътадилии авзоъва муҳосира шудани шаҳри Мазори Шариф вобастагӣ дорад. Консулгарии Ӯзбекистон нима фаъолият мекунад, масалан, судури визаро қатъ кардааст, ки яке аз вазифаҳои муҳимаш башумор меравад. Аммо дар ин раванд, консулгарии Тоҷикистон пурра фаъолият дорад”, — гуфт манбаъ.
Дар Мазори Шариф аз соли 2001 ба ин ҷониб 9 кишвар – Эрон, Олмон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳинд консулгариҳои худро боз карда буданд.

Агар ба гузашта дида андозем, ҳаводиси хунине бо консулиҳои хориҷӣ дар Мазори Шариф рух дода буд. Маргбортарини онҳо 8 августи 1998 рух дод, ки пас аз забти Мазори Шариф аз сӯи Толибон 11 дипломат бо иттифоқи як хабарнигори эронӣ кушта шуданд.
Ҳодисаи дигар ин таркиши мина дар назди консулии Олмон дар шаҳри Мазори Шариф буд, ки 10 ноябри 2016 рух дод ва 6 нафарро куштаву 120 тани дигарро захмӣ кард.

Тоҷикистон моҳи январи соли 2002 пас аз суқути Толибон дар Кобул сафорат ва баъдан дар Мазори Шарифу шаҳрҳои Кундузу Файзободи Афғонистон консулигариҳои худро боз кард. Соли 2016 консулгариҳо дар Кундузу Файзобод “ба далои

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.