Курсии Градскийро дар барномаи “Голос” кӣ ишғол мекунад?

Ҷойи бастакор Александр Градскийро дар барномаи “Голос” метавонад писари калонии ӯ Даниил бигирад. Ин номзадро мухлисони Александр ҳангоми видоъ бо ӯ пешниҳод кардаанд. Дар ин бора News.ru навиштааст.

Мухлисони Градский бовар доранд, ки писари 40-солаи ӯ метавонад ҷойнишини арзандаи падар дар барномаи “Голос” бошад. «Беҳтарин кор мешавад, агар Даниил дар “Голос” падарашро иваз кунад. Ӯ бомаҳорат аст ва ин рамзӣ хоҳад буд. Ҳатто насабро дар номи ҷойнишин иваз кардан лозим намеояд»,- пешниҳод кардаанд тамошобинон.

Ёдовар мешавем, ки бастакор ва сароянда Александр Градский 28-уми ноябр аз дунё гузашт. Сабаби фавти ҳунарманд сактаи мағзи сар буд. Ӯ 72 сол дошт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.