Лимит барҳам мехурад, агар…

Аз 15 — уми феврал, маҳдудияти интиқоли неруи барқ як соат коҳиш ёфтааст.

«Барқи тоҷик» ҳануз маҳдудиятҳоро дар мавриди барқдиҳӣ ба сокинон идома медиҳад,чаро?Ин як саволи асосие буд,ки дар нишасти ширкат садо дод. Дар нишасти матуботӣ масъулини ширкати «Барқи тоҷик» изҳор доштанд, ки сар аз 15 — уми феврал, маҳдудияти интиқоли неруи барқ як соат коҳиш ёфтааст.
Маҳдудияте, ки аз 5 январ аз соати 23:00 то 6 — и саҳар ҷорӣ шуда буд, акнун он аз соати 23 — и шаб то 5 — и саҳар идома мекунад.
Ширкат зарурати ҷорӣ шудани «лимит»- и барқро ба сардиҳои охири моҳи декабр ва аввали моҳи январ рабт доданд.
Мирзо Исмоилзода раиси ширкати «Барқи тоҷик» гуфт, танҳо моҳи декабри соли гузашта нисбати ба соли 2019 ба миқдори 100 миллион киловатт соат истифодабарии барқ зиёд гардидааст.
Сатҳи обанбори Норак боашд, нисбат ба соли гузашта 4 метр пасттар буд.
Исмоилзода изҳори боварӣ кард, ки рӯзҳои наздик маҳдуияти интиқоли неруи барқ комилан аз байн бардошта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *