Лоиҳаи қонуни “авфи тиллоӣ” ба парлумон пешниҳод мешавад

Лоиҳаи қонуни “авфи тиллоӣ” ҳамин ҳафта ба парлумон пешниҳод мешавад
Таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи авф”-ро гурӯҳи кории махсус, ки нимаи моҳи июл бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда буд, ба поён расонид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар додааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, лоиҳаи қонуни дар боло зикршуда муддати ду рӯзи наздик ба баррасии парлумон фиристода мешавад.

Ба гурӯҳи корӣ, ки бо супориши президент таъсиёфтааст ҳуқуқшиносони варзидаи кишвар ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомила буданд.
“Ба истилоҳ “авфи тиллоӣ”, ки бо ташаббуси президент ба ифтихори 30-солагии Итиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат мегирад, зиёда аз 25 ҳазор нафар гумонбаршудагон, судшавандагон ва маҳкумшудагонро фаро гирифта метавонад”, – зикр кардааст манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *