Лётчикзани ҳомиладори афғонро ба таваллудхона бурдаанд

Тавре хабар дода шуда буд, як гуруҳ лётчикҳо афғон дар Тоҷикистон қарор доранд. Онҳо ту муайян шудани сарнавишти ояндаашон дар яке аз осоишгоҳҳои кишвар мондаанд. Дар байни онҳо лётчикзане ҳам ҳаст,дҷон мебошад ва интизори тифл аст. Хабр расид, ки ӯро ба яке аз таваллудхонаҳо интиқол додаанд. Ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо хабаргузории «Рейтерс» ӯ аз тақдири тифли ояндааш нигаронӣ карда буд. Ба гуфтаи зани 29-сола, дар маконе, ки ҳоло нигаҳдорӣ мешавад, ҳатто наметавонад аз назорати пизишкон ва санҷиши ултрасадоӣ (УЗИ) гузарад. Баъд аз расонаӣ шудани ин хабар, «Рейтерс» рӯзи 10-уми октябр аз қавли наздиконаш навишт, зани халабони афғонро аз осоишгоҳ ба зоишгоҳ интиқол додаанд. Маълум нест, вай феълан дар кадом таваллудхона аст. Қаблан мақомоти Тоҷикистон ба дархости ин зан гуфтаанд, ҳангоми таваллуд ба беморхона мебаранд ва баъдан боз ба осоишгоҳ бармегардонанд. Мақомот бо далелҳои амниятӣ, макони онҳоро фош намекунанд. Хабаргузории «Рейтерс» аз қавли наздикони халабонҳо навиштааст, низомиёни фирории афғон дар яке аз осоишгоҳҳои берун аз Душанбе нигоҳдорӣ мешаванд. Халабонҳои фирории афғон, ки дар Амрико таълим гирифтаанд, пештар аз Иёлоти Муттаҳида дархост карда буданд, ки онҳоро аз Тоҷикистон берун кашида, ҳаққи паноҳандагӣ медиҳад. Чун ба гуфтаи халабонҳо, дар сурати бозгашт ба Афғонистони зери назорати Толибон, ҷони онҳо дар хатар хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *