Мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро дар зодгоҳи Лоиқ ба феҳрасти ЮНЕСКО ворид шуд

Нӯҳ объекти таърихию фарҳангии долони «Зарафшон-Қароқум» расман ба Феҳристии пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, объекти таърихию фарҳангии долони «Зарафшон-Қароқум» аз ҷониби ЮНЕСКО аз нигоҳи техникӣ дуруст ва комило арзёбӣ шудааст.
Аз ҷумла дар долони «Зарафшон-Қайроқум» 9 адад объектҳои таърихию фарҳангӣ аз қабили «Панҷакенти Қадима», «Шаҳраки Санҷаршоҳ», «Шаҳраки Ҳисорак», «Гардани Ҳисор», «Қалъаи Муғ», «Қум», «Тали Хамтуда», низоми обёрикунии «Токсанкорез» ва Мақбараи «Хоҷа Муҳаммади Башоро» мебошад.
Ин ёдгориҳо солҳои сол аз ҷониби муҳаққиқону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ таҳқиқу кашф ва ҳафриёт гардидаанд.
Аз ҷониби мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур таҳия ва такмил гардида ба идораи СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО барои ворид намудан ба феҳристи ҷаҳонӣ ирсол карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *