суд

Маҷлиси намояндагон судҳоро шаффоф карданист

Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани онро пешбинӣ кардааст.

Лоиҳаи қонун “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” — ро Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, хабар медиҳад котиботи Маҷлиси намояндагон.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади шаффофу ошкоро баргузор намудани мурофиаҳои судӣ, кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ, густариши робитаҳои мақомоти судӣ бо воситаҳои ахбори омма ва ҷоннок кардани фаъолияти сомонаҳои судӣ, таҳкими боварии шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ ва дастрасии ҷомеа ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо таҳия гаштааст.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа зикр намудааст, ки он аз муқаддима, 6 боб ва 26 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъоляити судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.

Аз ҷумла боби сеюм тарзҳои пешниҳоди иттилоот оид ба фаъоляти судҳоро муайян намудааст, ки ба роҳи иштирок дар мурофиаҳои судӣ, интишори иттилоот, ҷойгир кардани иттилоот дар сомонаи судҳо, интишори матни санадҳои судӣ дар сомонаи судҳо амалӣ мешавад.

“Боби чорум ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма буда, он мақсад ва шаклҳои ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма, намояндаи расмии судҳо оид ба чунин ҳамкориро муқаррар намудааст”, — таъкид намуд котиботи парлумон.

Боби шашум аз муқаррароти хотимавӣ иборат буда, он ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани онро пешбинӣ кардааст.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар пайи баррасии лоиҳа онро қабул намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *