Маҳсии “Reebok”-и тоҷикиро дар Сургут доштанд

Гумон аст, ки дар «Reebok «-ин ширкати ҷаҳонӣ ҳатто хабар дошта бошанд, ки онҳо дар Тоҷикистон ба дӯхтани пойафзоли миллии тоҷикӣ- маҳсӣ машғуланд.

Кормандони гумруки фурудгоҳи шаҳри Сургути Русия аз як мусофири ҳавопаймое, ки аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон омада буд, 78 ҷуфт пойафзоли миллии навъи маҳсиро ёфта, мусодира кардаанд. Ин бори вазнаш тақрибан 15 килоро шаҳрванди Тоҷикистон аз Ватанаш бидуни эъломияи гумрукӣ мехост ба Русия ворид кунад.

Игор Галузин, сардори посгоҳи гумрукии фурудгоҳи Сургут дар шарҳи ин ҳодиса гуфт: “Бо назардошти миқдор ва гуногунии андозаҳои маҳсиҳои ёфтшуда, қарор шуд, ки ин пойафзолро ба молҳои марбут ба истифодаи шахсӣ шомил накунем. Аммо барои ворид кардани молҳои тиҷоратӣ шаҳрванди Тоҷикистон мебоист эъломияи гумрукӣ пур мекард ва боҷи гумрукӣ месупурд, вале ӯ аз ин кор сарпечӣ кардааст.”

Ҳамчунин дар ҳамаи 78 ҷуфт маҳсии мусодирашуда тамғаи машҳури Reebok зада шуда буд. Гумон аст, ки дар ин ширкати ҷаҳонӣ ҳатто хабар дошта бошанд, ки онҳо дар Тоҷикистон ба дӯхтани пойафзоли миллии тоҷикӣ маҳсӣ машғул мебошанд.
Нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси ду моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия – моддаҳои 16.2 (пур накардани эъломияи гумрукӣ) ва 14.10 (истифодаи ғайриқонунии брендҳои ғайр) парвандаҳои маъмурӣ тартиб додаанд. Ба ӯ ҷарима бо мусодираи маҳсиҳояш таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *