Мадинаи тоҷик дар Африқо чоҳи об кушод

Блогери зодаи Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки мехоҳад ба Африқо биравад ва чоҳи об созаду кӯдакони гуруснаро бихӯронад.

Блогери 21-солаи зодаи Тоҷикистон Дина Саева (Мадина Басаева), ки ӯро “маликаи ТикТок” ва яке аз бойтарин блогерҳои Русия меноманд, дар як маъракаи хайрияи сохтани чоҳи об ва тақсими ғизо барои кӯдакон дар яке аз фақиртарин гӯшаҳои қораи Африқо иштирок карда, ин хайрашро ба ёди падараш бахшидааст, хабр медиҳанд расонаҳои иттилоотӣ.
“Дар ёди падар” – ба забони тоҷикӣ чунин номгузорӣ кардааст ин маъракаро Дина Саева ва баннер бо ин навиштаҷоти тоҷикӣ дар қораи Африқо овехта шуда буд.
Акси даҳҳо кӯдаки африқоии ҷамъшуда дар зери баннер бо навиштаҷоти “Дар ёди падар”-ро Дина Саева дар саҳифааш дар Инстаграм нашр кард.
Блогери зодаи Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки мехоҳад ба Африқо биравад ва чоҳи об созаду кӯдакони гуруснаро бихӯронад. «Ман ин орзуро аз синфи 6 доштам», – гуфта буд Дина.
Дина Саева 21 сол дорад. Номи аслии ӯ Мадина Басаева буда, маликаи ояндаи ТикТоки Русия дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар як хонаводаи фақир ба дунё омадааст ва ҳамроҳи падару модару дигар аъзои оилаашон (Дина фарзанди калонӣ аст) ба Екатеринбурги Русия кӯчидаанд.
Дина ҳамагӣ се сол пеш дар McDonald’s кор мекард ва дар риштаи ҳуқуқи донишгоҳ таҳсил мекард. Ӯ роҳаш ба сӯи қуллаҳои шӯҳратро аз лаб ҷунбондан дар ҳавои таронаҳои маъруф ва нашри чунин видеоҳо дар Ютуб нашр карда буд. Имрӯз Дина Саева бо брендҳои машҳуре, чун Coca-Cola, Dolce&Gabbana қарордод баста, дар клипҳои Егор Крид нақши асосиро иҷро мекунад ва дар байни мардум бидуни муҳофиз намегардад. Ба ҳисоби Forbes, ин духтари тоҷик ҳоло ҳар моҳ дар TikTok 800 ҳазор рубл кор мекунад. Шумори пайравониӯ дар ин шабака ҳанӯз як сол пеш аз 16 миллион гузашта буд.
Дина Саева солҳои пеш бо чанде аз ҷавонони тоҷик низ вориди баҳсҳои шадид шуда буд. Мунтақидони тоҷикаш тарзи либоспӯшӣ ва рафтори Дина Саеваро берун аз ҳадди одоби хоси як духтари мусалмон номида, аз вай даъват мекарданд, ки худро ислоҳ кунад. Вале Дина Саева мегуфт, касеро иҷозат намедиҳад, ки ба тарзи зиндагиаш дахолат кунад ва ӯро панд диҳад.
Рӯзи 22 апрели соли ҷорӣ Дина Саева зоҳиран мехост ҳангоми пахши мустақим худкушӣ кунад, вале модару хоҳараш сари вақт дари ҳуҷраи ӯро кушода, аз ин роҳ Динаро баргардонданд.
Блогери 21-солаи зодаи Тоҷикистон Дина Саева (Мадина Басаева), ки ӯро “маликаи ТикТок” ва яке аз бойтарин блогерҳои Русия меноманд, дар як маъракаи хайрияи сохтани чоҳи об ва тақсими ғизо барои кӯдакон дар яке аз фақиртарин гӯшаҳои қораи Африқо иштирок карда, ин хайрашро ба ёди падараш бахшидааст.
“Дар ёди падар” – ба забони тоҷикӣ чунин номгузорӣ кардааст ин маъракаро Дина Саева ва баннер бо ин навиштаҷоти тоҷикӣ дар қораи Африқо овехта шуда буд.
Акси даҳҳо кӯдаки африқоии ҷамъшуда дар зери баннер бо навиштаҷоти “Дар ёди падар”-ро Дина Саева дар саҳифааш дар Инстаграм нашр кард.
Блогери зодаи Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки мехоҳад ба Африқо биравад ва чоҳи об созаду кӯдакони гуруснаро бихӯронад. «Ман ин орзуро аз синфи 6 доштам», – гуфта буд Дина.
Дина Саева 21 сол дорад. Номи аслии ӯ Мадина Басаева буда, маликаи ояндаи ТикТоки Русия дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар як хонаводаи фақирранг ба дунё омадааст ва ҳамроҳи падару модару дигар аъзои оилаашон (Дина фарзанди калонӣ аст) ба Екатеринбурги Русия кӯчидаанд.
Дина ҳамагӣ се сол пеш дар McDonald’s кор мекард ва дар риштаи ҳуқуқи донишгоҳ таҳсил мекард. Ӯ роҳаш ба сӯи қуллаҳои шӯҳратро аз лаб ҷунбондан дар ҳавои таронаҳои маъруф ва нашри чунин видеоҳо дар Ютуб нашр карда буд. Имрӯз Дина Саева бо брендҳои машҳуре, чун Coca-Cola, Dolce&Gabbana қарордод баста, дар клипҳои Егор Крид нақши асосиро иҷро мекунад ва дар байни мардум бидуни муҳофиз намегардад. Ба ҳисоби Forbes, ин духтари тоҷик ҳоло ҳар моҳ дар TikTok 800 ҳазор рубл кор мекунад. Шумори пайравониӯ дар ин шабака ҳанӯз як сол пеш аз 16 миллион гузашта буд.
Дина Саева солҳои пеш бо чанде аз ҷавонони тоҷик низ вориди баҳсҳои шадид шуда буд. Мунтақидони тоҷикаш тарзи либоспӯшӣ ва рафтори Дина Саеваро берун аз ҳадди одоби хоси як духтари мусалмон номида, аз вай даъват мекарданд, ки худро ислоҳ кунад. Вале Дина Саева мегуфт, касеро иҷозат намедиҳад, ки ба тарзи зиндагиаш дахолат кунад ва ӯро панд диҳад.
Рӯзи 22 апрели соли ҷорӣ Дина Саева зоҳиран мехост ҳангоми пахши мустақим худкушӣ кунад, вале модару хоҳараш сари вақт дари ҳуҷраи ӯро кушода, аз ин роҳ Динаро баргардонданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *