Ман бе ту нафас намекашам дар олам…

Полковник Ғанихон Тӯраев Алексеевич, яке аз собиқ низомиёни шинохтаи Тоҷикистон даргузашт

Марги азизони дил басо гарон аст. Ғанихон Тӯраев пас аз даргузашти ҳамсари азизу меҳрубонаш базӯр ҳамин 10 рӯзро таҳамул карда, пас аз 10 рӯзи марги завҷааш табиб шинохта Фарида Мансурова, ҷон ба ҷонофарин арзонӣ дошт.

Дар ин бора Михаил Патрушков дар сафҳаи фейсбукияш хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, полковник Тюряев Ганихон қаблан сардори Раёсати Қӯшунҳои муҳандисии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон буда, дар гузашта ҳамчун сапёри аршади Вазорати мудофиа, дар солҳои ҷанг ҷони зиёд инсонҳоро наҷот дода, шахсан тақрибан 50 таркиш ва ҳамлаҳои террористиро дар солҳои муқовимат танҳо дар Душанбе пешгирӣ кардааст.
Гуфта мешавад, номбурда рӯзи 11 июн дар синна 69 — солагӣ пас аз инсулт аз олам даргузашт.

Маросими видоъ ва намози ҷанозаи марҳум дар хонааш «Домпечат» имрӯз соати 11:30 доир мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *