Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мард занашро барои 50 сол ба яхдон андохт

Мутахассисон фавран ҷарроҳии 55-соатаро барои ях кунондани бадани ӯ анҷом доданд. Пеш аз он, ки ӯро 50 сол дар зарфи криогенӣ ҷой диҳанд, шавҳараш бори охир ба ӯ нигоҳ кард.

Як сокини музофоти Шандонги Чин ҷасади ҳамсарашро, ки бар асари саратони шуш фавтидааст, ба умеди эҳёи ӯ дар оянда мунҷамид кард. Дар ин бора хабарнигори Mothership хабар медиҳад.Ҳамсари 49-солаи Гуи Ҷунминг-Венлиан саратони шуш дошт. Вақте ки ба ғайр аз мурдан илоҷе намонд, Ҷунминг идеяи бо роҳи яхкунонии криогенӣ нигоҳ доштани бадани занашро пешниҳод кард. Аммо то ин лаҳза, саратон ба мағзи Венлиан паҳн шуда буд. Вай дигар наметавонист сухан гӯяд ва мушакҳои рӯяшро идора кунад. Шавҳар аз ӯ хоҳиш кард, ки агар розӣ шавад, дасти ӯро фишурад. «Албатта вай розӣ шуд. Вагарна вай дасти маро намегирифт ”гуфт ӯ. Ҷунмин ба ҳамсараш гуфт: “Танҳо хоб мекунию боз мехезӣ.” Дили Венлиан рӯзи 8 майи соли 2017 аз кор бозмонд . Мутахассисон фавран ҷарроҳии 55-соатаро барои ях кунондани бадани ӯ анҷом доданд. Пеш аз он, ки ӯро 50 сол дар зарфи криогенӣ ҷой диҳанд, шавҳараш бори охир ба ӯ нигоҳ кард. Вай мисли он,ки хуфта бошад,дар дохили камера ором ба назар мерасид. Зарфи криогении яхкунӣ бо ду ҳазор литр азоти моеъ пур карда мешавад. Он ҳароратро аз -196 дараҷа нигоҳ медорад. Пештар хабар дода шуда буд, ки ҳамсар ва се писари президенти ташкилоти ғайритиҷоратии амрикоӣ “Институти Крионика” Денис Ковалский пас аз марг дар нитрогени моеъ ях кунонида мешаванд. Ковалский умедвор аст, ки дар оянда вақте илми тиб рушд меёбад, онҳо зинда карда хоҳанд шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.