Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Марги марди хитоӣ аз дасти зани тоҷик

Цзян Венсин ба ивази аз 50 то 100 сомонӣ бо ин зани тоҷик алоқаи ҷинсӣ анҷом медодааст

Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавонзани 22-солаи шаҳри Ваҳдат хабар дод, ки дар куштори як хитоӣ гунаҳгор дониста мешавад.
Ба гуфти Маркази матбуотии ин сохтор, санаи 8 январи соли 2021 дар беморхонаи шаҳри Ваҳдат шаҳрванди Хитой Цзян Венсини 68-сола, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Вахдат, деҳаи Чиртак, ки аз соли 2008 инҷониб ба истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ машғул буд, ба ҳалокат расида, барои баррасии ҳолат 9 январи парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаааст.
Муайян карда шуд, ки Цзян Венсин аз соли 2019 инҷониб бо шаҳрванд “М”-и 22 сола, модари танҳо, соҳиби як фарзанд, зодаи ноҳияи Дарвоз, сокини шаҳри Вахдат, деҳаи Чиртак, шиносоӣ пайдо намудааст.
“Ӯ мунтазам “М”-ро бо баҳонаи маҳс кардани баданаш ба бошишгоҳи саҳрое, ки онҷо зиндагони мекард даъват карда, бар ивази аз 50 то 100 сомонӣ алоқаи ҷинсӣ анҷом медодааст”,-мегӯяд манбаъ.
Гуфта мешавад, 8 январи соли 2021, тахминан соати 18:30 дақиқа “М” бо даъвати навбатии Цзян Венсин барои маҳси бадан ба бошишгоҳи саҳроии номбурда рафтааст.
Цзян Венсин бошад чун ҳарвақта ҳангоми баданашро маҳс кардани “М” бар ивази 100 сомонӣ анҷом до дани алоқаи ҷинсиро пешниҳод кардааст.
““М” дар давраи ҳайзи занона гирифтор буданаш талаби номбурдаро рад кардааст. Цзян Венсин ба суханони “М” аҳамият надода, маҷбуран бо номбурда як маротиба алоқаи ҷинсӣ анҷом дода, аз охирин талаб кардааст, ки то саҳар бо ӯ дар бошишгоҳи саҳроияш монад. “М” талаби ӯро рад намуда, ба сӯи дари бошишгоҳи саҳроӣ рафта, аз Цзян Венсин хоҳиш кардааст, ки бинобар танҳо будани фарзанди хурдсолаш барои ба хонаашон рафтан иҷозат диҳад”,-афзудааст, манбаъ.
Аммо, Цзян Венсин аз ин рафтори “М” ба қаҳру ғазаб омада, бо истифодаи оташков ба қисми қафои сари номбурда як маротиба зада, ба номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Шаҳрванд “М” аз қаҳру ғазаб курсии чубини дар назди кати хоби Цзян Венсин бударо гирифта, бо он якчанд маротиба ба қисми фарқ ва чаккаи сари номбурда зарбаҳо задааст, ки Цзян Венсин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштабуд, дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Anonymous 17.01.2021 11:44

    Аз беномусии мардхои точик, занхо ба чи роххое нарафта истодаанд, айб аст! !!…

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.