Маршировка: Ректори ДДОТ гуфт, ки 90% донишҷӯён ваксина гирифтанд

Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ гуфт, ки 90%-и донишҷӯён ин донишгоҳ, ки дар маршировка ширкат мекунанд, бар зидди короновирус ваксина гирифтанд.

“Теъдоде аз донишҷӯёни мо ҳам барои сазовор таҷлил кардани 30 солагии ҷашни истиқлол дар машқҳо ширкат мекунанд, ки аксарияташон истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ҳастанд. Чун мавҷи дуввуми короновирус дар кишвари мо ҷараён дорад, саломатии донишҷӯён дар мадди назари мост. Барои мо солимии ҳар яке аз онҳо муҳим аст, зеро онҳо фарзандони мову шумо ҳастанд. Бинобар ин, мо 90%-и донишҷӯёнамонро ваксина кардем. Ҳар субҳ онҳо аз ташхис мегузаранд. Бунгоҳи тиббии донишгоҳ ҳам дар майдони тамрин ва ҳам дар худи донишгоҳ фаъол аст”-гуфт ректор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *