Масъалаи хизматрасониҳои маҷмуӣ ба модару кӯдак баррасӣ гардид

Дар толори маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” баргузор гардид.

Бино ба иттилои вазорати мазкур, дар ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хуршед М., муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдусаматзода З., муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Маҷидӣ Ю., муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насриддинзода Р., муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғанизода М., муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода У., муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмудзода И., Менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳур ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва як қатор масъулини Гуруҳи татбиқи Лоиҳа иштирок намудаанд.

Ҷаласаро Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ бахшида, оид ба рӯзномаи ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва мақсади баррасӣ намудани масъалаҳои баррасишаванда мухтасар иттилоъ дода, таваҷҷуҳи ҳозиринро оид ба чораҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла ноҳияҳои Файзобод ва ноҳияи Рашти тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҷалб намудааст.

— Қайд карда шуд, ки тамоми чорабиниҳои амалишаванда дар доираи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми декабри соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” зикр гардидаанд”, ба роҳ монда шудаанд. Бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо, таклифҳои пешниҳодгардида ва муҳимияти онҳо ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” қарор қабул намуда, Нақшаи корӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар соли 2022 барои тасдиқ пешниҳод карда шуд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.