Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Масчоҳ: Чаро заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бозмонданд?

363 гектар заминҳои корами ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд аз гардиши кишоварзӣ бозмондааст. Муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ Муллосоқӣ Атовуллозода дар нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон аз ин омор изҳори нигаронӣ кард.

“Заминҳои кишоварзӣ асосан дар деҳаҳои Оббурдон, Палдорак ва Навбаҳори ноҳия буда, аз сабабҳои гуногун, ки зиёдтар ба набудани оби полезӣ рабт доданд аз гардиш бозмондааст” – гуфт, номбурда.
Муллосоқӣ Атовуллозода баён дошт, ки нисбати ин масъала корбарӣ идома ёфта, дар моҳҳои наздик растании тобовар ба он минтақаро кишт мекунанд.
Дар ноҳияи Мастчоҳ 21 ҳазору 725 гектар заминҳои корам мавҷуд аст, ки дар 20 ҳазор 541 гектари он кишти зироатҳои гуногун ба роҳ монда шудааст.
Ноҳияи Масчоҳ баъд аз Истаравшан дар мавриди бекор шудани заминҳои кишварзӣ дар ҷойи дуюм меистад. Бино ба иттилои прокуратураи вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 700 гектар заминҳо аз кишт бозмондааст.

Фаррух Усмонов, вилояти Суғд

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.