Машқи духтарон дар пасманзари масҷид ғазаби мусулмонони Қазонро овард

Духтарон, муносибати мусалмононро нисбат ба чунин рафтори худ дониста истода, то ҳол машқҳои худро дар пасамнзари масҷид идома медиҳанд.

Духтароне, ки дар тан либоси варзишӣ доранд, дар пасманзари масҷиди Қӯли Шарифи Қазон машқ карда, онро ба навор гирифтанд. Ин видео сокинони мусулмони шаҳрро ба хашм овард, гузориш медиҳад «Rise». Муовини муфтии Тотористон Рафик Мухаметшин ба хабарнигорон гуфт, ки вай чунин амалҳоро ғайри қобили қабул мешуморад ва варзишгарон метавонистанд дар ҷои дигар чунин тамринҳои худро гузаронанд. “Ман фикр мекунам ин амалҳои иғвоангезона аст. Мо чунин амалҳоро дастгирӣ намекунем. Ҳарчанд онҳо метавонанд гӯянд,ки мо дар давлати дунявӣ зиндагӣ мекунем, аммо барои ҷомеаи динии мусулмонон чунин рафтор ғайри қобили қабул аст”. Ба гуфти вай духтарон, муносибати мусалмононро нисбат ба чунин рафтори худ дониста истода, то ҳол машқҳои худро дар пасамнзари масҷид идома медиҳанд. Муаллифи видео дар навбати худ гуфтааст, ки дар видео иштирокчиёни марафони Қазон нишон дода шудаанд. Онҳо пеш аз давидан гарм шуданд ва қасдан ин ҷойро интихоб накарданд. Аммо сокинони Қазон менависанд,ки дар моҳи шарифи Рамазон чунин рафтор ба назар тарҳрезишуда ва шубҳанок менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *