Маъшуқашро таҳдид карду аз ӯ 7000 сомонӣ гирифт …

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Р.Исмоилови шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад, ки дар тамаъҷӯӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда бо ҷавонзани 20-солаи сокини шаҳри мазкур шиносои пайдо намуда тавассути телефони мобилиаш аксҳои маҳрамона гирифтааст.

Ӯ бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт аз моҳи марти соли 2020, то ҳол аз ҷабрдида барои паҳн накардани аксҳо бо тариқи шабакаи иҷтимои ва онҳоро ба хешу табораш нафиристодан бо роҳи таъмаҷӯӣ 7 ҳазор сомониро гирифтааст.

ВУД мегӯяд, аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Дар гузашта низ ин ниҳод дар баробари мардон занонеро низ боздошт карда буд, ки даст ба тамаъҷӯӣ мезаданд.

Чунин ҳолатҳо асосан пас аз робитаҳои маҳрамона сурат мегирад, ки бо роҳи «шантаж» ҷониби дигар пул кор кардан мехоҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *