Маскав кай ба “ашки сохтмончиён” бовар мекунад?

Мақомоти Маскав интизоранд, ки маҳдудият дар вудуду муҳоҷирон давра ба давра коҳиш дода мешавад ва дар ҳамин ҳол ҳамааш аз вазъи эпидемиологӣ вобаста хоҳад буд.

Маскав аз норасоии қувваи корӣ азият мекашад. Хосса, соҳаи сохтмон,аммо ба қавли мақомот он ба суръати сохтмон таъсир накардааст
Масъалаи норасоии муҳоҷиронро дар пойтахти Русия, шаҳри Маскав роҳбари шӯъбаи рушди ҳудудҳои нави Маскав Владимир Жидкин бардоштааст.
Вай афзудааст, ки норасоии коргарон дар соҳаи сохтмон яке аз мушкилиҳои асосӣ дар Маскав мемонад.
«Агар гап дар сари суръат равад, дар мо дар ягон соҳа паст нашудааст, дар ҳама ҷо танҳо боло меравад. Аммо то ҳол яке аз мушкилиҳои аслӣ, ки коронавирус овард, — норасоии қувваи корӣ ҳис мешавад», — қайд кардааст вай.

Намояндаи ҳукумати Маскав таъкид кардааст, ки далели аслии норасоии қувваи корӣ — баста шудани марзҳост, аммо маҷмаии соҳаи сохтмони Маскав дар ин масъала кор мекунад.
Ёдрас мешавем, пештар муовини шаҳрдори Маскав дар масоили сиёсати иқтисодӣ ва муносиботи моликият ва замин Владимир Ефимов ба рӯзноманигорон дар бораи ифтитоҳи маркази махсус дар Тоҷикистон хабар дод.
Ҳамчунин ӯ афзуд, ки мақомоти Маскав интизоранд, ки маҳдудият дар вудуду муҳоҷирон давра ба давра коҳиш дода мешавад ва дар ҳамин ҳол ҳамааш аз вазъи эпидемиологӣ вобаста хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *