Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Масловро ҳануз наёфтаанд, ӯро то 4 август ҷустуҷӯ намуданд

Масловро ҳануз наёфтаанд, ӯро ҳамроҳонаш то 4 август ҷустуҷӯ намуданд.
Бошгоҳи куҳнавардии МГУ ҳодисаи нохуш зимни сайёҳати куҳнавардон таҳти роҳбарии Денис Осин дар Помири Марказиро шарҳ дод.
Бар асоси иттилоияи бошгоҳ, ин куҳбароии дараҷаи мураккаб буда, зимни он як узви гуруҳ, Саша Маслов сарозер шудааст.
“Рӯзи 26 июл зимни ҳаракат дар масири қуллаи Сент – Экзюпарӣ тӯдаи барфие, ки Саша Маслов болои он қарор дошт, афтид ва куҳнавард сарозер шуд. Аъзои дигари гуруҳ осеб надиданд. Онҳо феълан дар ноҳияи Ванҷ буда, парвоз ба Душанберо интизоранд”, – омадааст дар иттилоияе, ки бошгоҳи куҳнавардӣ нашр намудааст.
Манбаъ таъкид намудааст, ки аъзои гуруҳ ҳамроҳи бедаракшудаашонро то 4 август ҷустуҷӯ кардаанд, аммо натавонистаанд пайдо намоянд.
Дар паёме, ки ин гуруҳ аз ҷараёни куҳнавардияшон фиристодаанд, изҳор доштаанд, ки барф зиёд асту рӯзона мулоим мешавад ва онҳо аз соати 3 – и шаб то 10-и субҳ ҳаракат мекунанд.
Бар асоси сомонаи бошгоҳи куҳнавардии МГУ, Александр Маслов дар чандин куҳбароӣ иштирок дошта, таҷрибаи куҳнавардӣ дар баландиҳои беш аз 5500 метрро доштааст.
Феълан дар мавриди тақдири Маслов чизе маълум нест.
Қаблан чархбол бо наҷотдиҳандагон дар ноҳияи Ванҷ дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини Поймазор суқут кард, ки бар асоси иттилоияи пешакӣ халабон ба ҳалокат расида, чор нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.